Пирӯзии футболистҳои навраси Тоҷикистон бар тими Сингапур
(last modified Sat, 26 Oct 2024 07:27:42 GMT )
Октябр 26, 2024 12:27 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии футболистҳои навраси Тоҷикистон бар тими Сингапур

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дар гурӯҳи «J» дуюмин пирӯзиро ба даст овард.

Ба навиштаи сомонаи «Ховар», дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи интихобӣ бар тими Сингапур бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.

Дар бозии дигари гурӯҳи «J» дастаи мунтахаби Уммон бар тими Гуам бо ҳисоби 18:0 пирӯз шуд.

Дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо тими Уммон бозӣ мекунад. Ин бозӣ 27 октябр баргузор шуда, соати 14:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

 

Барчасп