Ширкати намояндагони Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии Иттиҳоди донишгоҳҳи Авруосиё дар Истанбул
(last modified Sun, 27 Oct 2024 08:10:44 GMT )
Октябр 27, 2024 13:10 Asia/Dushanbe
  • Ширкати намояндагони Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии Иттиҳоди донишгоҳҳи Авруосиё дар Истанбул

Ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҷаласаи Ассамблеяи генералии Иттиҳоди Донишгоҳҳои Авруосиё, ки дар Донишгоҳи Айдини Истанбули Ҷумҳурии Туркия баргузор шуд, ширкат карданд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, дар ҳамоиш ҷаласаҳои шабакавӣ ва вохӯрӣ бо намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ доир гардида, ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

Зимни мулоқот бо намояндагони донишгоҳҳои хориҷӣ таҳкими ҳамкорӣ дар доираи қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон узви Иттиҳоди донишгоҳҳои Авруосиё мебошад.

Image Caption