Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Стратегияи ҳамкорӣ имзо кард
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Стратегияи ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Ба навиштаи сомонаи Ховар, дар шаҳри Копенгагени Дания ҷаласаи 74-уми Шурои минтақавӣ оид ба ҳамкории Созмони ҷаҳонии тандурустӣ доир гардид, ки дар доираи он Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Стратегияи ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Баимзорасонии Стратегияи ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки на танҳо табодули таҷриба, балки ҷалби таҷрибаи байналмилалӣ барои ҳалли масъалаҳои мубрами соҳаи тандурустиро низ ба даст орад.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласа суханронӣ намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки мақолаи Ҷамолиддин Абдуллозода дар маҷаллаи бонуфузи «BioMed Central» оид ба натиҷаҳои таҳлили бозори меҳнат дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон нашр гардидаст. Ин маҷалла дар Британия ҷойгир буда, дар он мақолаҳои олимони ҷаҳон нашр мегарданд.
Ҳамчунин дар доираи ҷаласа Директори минтақавии Дафтари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба давлатҳои Аврупо Ҳанс Клюге бо Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ намуд.