Ибтикороти ҷаҳонии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи ҷангал ва об
(last modified Wed, 30 Oct 2024 06:49:36 GMT )
Октябр 30, 2024 11:49 Asia/Dushanbe
  • Ибтикороти ҷаҳонии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи ҷангал ва об

Ибтикороти ҷаҳонии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯйдоди сатҳи боло дар Рӯзи ҷангалу об мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Дар шаҳри Калии Ҷумҳурии Колумбия рӯйдоди сатҳи боло дар чорчӯби Рӯзи ҷангалу об баргузор гардид, ки дар он Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ кард.

Ба гузориши “Ховар”, Баҳодур Шерализода зимни суханронии худ дар рӯйдоди сатҳи боло дар Рӯзи ҷангалу об дар ҳошияи шонздаҳумин Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи Милали Муттаҳид дар мавриди танаввуъи зистӣ (COB16) таъкид кард, ки яхчолҳои табиӣ дар ҳифзи экосистемаҳои муртабит бо об нақши калидӣ доранд ва аз байн рафтани онҳо метавонад, авоқиби ҷиддӣ барои танаввуъи зистӣ ва суботи экосистем дошта бошад.

Баҳодур Шерализода қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳидро, ки ба ибтикори Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар декабри соли 2022 дар мавриди эъломи соли 2025 ба унвони Соли байналмилалии ҳифзи пиряҳои табиӣ ба тасвиб расид, муҳим унвон кард.

 

Барчасп