Сафари гардишгарони Тоҷикистон ба Озарбойҷон афзоиш ёфтааст
(last modified Sat, 16 Nov 2024 08:01:41 GMT )
Ноябр 16, 2024 13:01 Asia/Dushanbe
  • Сафари гардишгарони Тоҷикистон ба Озарбойҷон афзоиш ёфтааст

Бар асоси омори Агентии давлатии Озарбойҷон танҳо дар моҳи октябр шумораи сайёҳон аз Тоҷикистон, ки барои истироҳат ба Озарбойҷон омадаанд, 61% афзоиш ёфтааст.

Сайёҳони тоҷикистонӣ барои сафар бештар Озарбойҷонро интихоб карданд.

 Дар ин бора Агентии давлатии Озарбойҷон хабар додааст.

 Тибқи омори ин ниҳод танҳо дар моҳи октябр 689 шаҳрванди Тоҷикистон ба Озарбойҷон сафар кардаанд. Гуфта мешавад, ки афзоиши ин гуна сафарҳо  дар як сол 61%-ро ташкил додааст.

 Дар маҷмӯъ дар давраи аз соли 2017 то соли 2023 беш аз 18,1 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷумҳурии Озарбойҷон дидан кардаанд.

 Агентии давлатӣ қайд кардааст, ки дар маҷмӯъ дар моҳи октябр аз Озарбойҷон беш аз 16,5 ҳазор нафар гардишгарон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дидан кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 31% зиёд аст.

 Ҳамин тариқ аз Озарбойҷон ҳудуди 8,1 ҳазор нафар аз Қазоқистон (+42% ),Узбакистон – беш аз 3,7 ҳазор (+18% ),Туркманистон – тақрибан 3,1 (+31%) ва Қирғизистон – 790 (+29%) дидан кардаанд.

 Аз аввали сол то кунун ҳудуди 150 ҳазор сайёҳон аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба Озарбойҷон сафар кардаанд. Ин рақам нисбат ба соли 2023 38% зиёдтар будааст.