Баргузории ҳамоиши соҳибкорӣ-тиҷории Тоҷикистон ва Покистон
(last modified Sat, 14 Dec 2024 04:39:17 GMT )
Декабр 14, 2024 09:39 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳамоиши соҳибкорӣ-тиҷории Тоҷикистон ва Покистон

Дар шаҳри Исломобод ,пойтахти Покистон ҳамоише байни соҳибкорон ва тоҷиронии ин кишвар ва Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Ховар дирӯз 13 декабр дар ҳошияи ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳамоиши тиҷорӣ- соҳибкории Тоҷикистон ва Покистон доир гардид.

Дар ин руйдод  Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷам Камал Хан,вазири тиҷорати Покистон ва доираи васеи соҳибкорони ҳарду ҷониб иштирок намуданд.

Далер Ҷумъа иброз дошт, ки зимни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф, ки моҳи июли соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, масоили вобаста ба рушду густариши ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратию сармоягузорӣ, кишоварзӣ, зерсохторҳои нақлиётию энергетикӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ матраҳ гардиданд.

Ҳамзамон нақши Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ дар татбиқи ин ҳадафҳо муҳим арзёбӣ гардид.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз шароити мусоиди фароҳамгардида барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид кард, ки мулоқоту музокироти васеъ ва созандаи корӣ байни соҳибкорони ду ҷумҳурӣ ба густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва зиёд гардидани ҳаҷми гардиш молу маҳсулот байни мамлакатҳо мусоидат менамоянд.

Дар доираи ҳамоиши соҳибкорӣ ҳайати Тоҷикистон ба якчанд шаҳрҳои Покистон, аз қабили Лоҳур, Сиалкот, Гуҷранвала сафар намуд.

Соҳибкорони тоҷик бо корхонаҳои ин шаҳрҳо шинос шуда, бо доираҳои соҳибкории Покистон мулоқот анҷом медиҳанд.