Январ 16, 2017 14:02 Asia/Dushanbe

Мақомоти Қирғизистон эълом карданд, субҳи имрӯз дар сониҳаи суқути ҳавопаймои борӣ рӯи хонаҳои наздики фурӯдгоҳи бишкек, 35 нафар аз ҷумла шаш кӯдак кушта шуданд.

Ба иттилои Акипресс, як масъули баландпояи Вазорати шароити изтирории Қирғизистон эълом кард, соати 7:40 дақиқа ба вақти маҳаллӣ як фарванд ҳавопаймои бории мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии Туркия (Туркиш Эйрлайнз), ки аз Гонконг ҳаракат карда буд, наздики Фурӯдгоҳи Манас дар Бишкек суқут кард.

Ба гуфтаи ин мақоми баландпоя, ба далели шароити номусоиди ҷавӣ халабон натавониста буд, бонди фурӯдгоҳро бубинад ва ҳавопаймо рӯи хонаҳои атроф фуруд омад.

Хабаргузории Акипресси Қирғизистон аз марги 35 нафар дар ин ҳодиса хабар додааст, аммо эҳтимол дорад, омори кушташудагон афзоиш ёбад.

Хадамоти уржонси Қирғизистон эълом кард, шаш кӯдак дар байни қурбониёни ин ҳодиса дида мешаванд ва бештари талафоти ин сониҳа сокинони хонаҳое будаанд, ки ин ҳавопаймо рӯи онҳо суқут кардааст.

Вазорати шароити изтирории Қирғизистон низ аз вайрон шудани 15 хона дар ин ҳодиса хабар додааст.

Мақомоти фурӯдгоҳи байналмилалии Манас рӯзи душанбе эълом карданд, ин фурӯдгоҳ ба дунболи сониҳаи ҳавоии наздики Бишкек таътил шудааст.

Бино бар эъломи расонаҳои Қирғизистон, Алмазбек Атамбаев, раисҷумҳури ин кишвар низ сафари худро ба Чин лағв кардааст.