Эъломи як рӯз мотами умумӣ дар Қирғизистон
Дар пайи марги 37 тан бар асари суқути як ҳавопаймои борбарӣ дар Қирғизистон, Аламосбек Отамбоев, раисиҷумҳури ин кишвар фардоро дар ин ҷумҳурӣ азои умумӣ эълом кард.
Ба гузориши ИРНА, бар асоси ин фармон ҳамчунин парчами Қирғизистон дар саросари ин кишвар ва дар намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии он, дар хориҷ ба ҳолати нимаафрошта дархоҳад омад.
ҳавопаймои навъи Boeing 747 субҳи 16 январ чанд километр дуртар аз фурудгоҳи Манас, дар минтақаи Дача-Сууи ноҳияи Сокулукси вилояти Чуй, суқут кард, ки дар натиҷаи он 37 тан кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд.
Беш аз 15 хона низ бар асари суқути ин ҳавопаймо вайрон шуд.
Ин ҳавопаймо аз Ҳонконг ба тарафи Истанбул мерафт ва мехост дар фурудгоҳи байналмилалии Манас сӯзишворӣ бигирад, ки дучори ҳодиса шуд.