Устоди донишгоҳи Тоҷикистон : Душмани Эрон душмани мост
(last modified Tue, 24 Jun 2025 03:38:44 GMT )
Июн 24, 2025 08:38 Asia/Dushanbe
  • Устоди донишгоҳи Тоҷикистон : Душмани Эрон душмани мост

Порс-Тудей. Устоди донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон дар вокуниш ба ҳамалоти режими саҳюнистӣу Амрико ба Эрон тасреҳ кард, ки “душмани Эрон душмани мост , амнияти Эрон амнияти мост “.

Шарифмурод Исрофилниё устоди донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистони рӯз душанбе гуфт : Ҳамлаи Исроил ба Ҷумҳурии исломии Эрон шабиҳ  ба  ҳамлаи торикӣ бар равшаноӣ , зулумот ба нур , ҳамлаи неруи аҳриманӣ бар неруи аҳуроӣ аст .

Ба гузориши Порс-Тудей, Исрофилниё афзуд : Ҳаққ бо Эрони бузургаст; ман мутмаин ҳастам ки, ҳаққ бар ботилу нур бар зулумот пирӯз меояд ва Теҳрон посухи дандоншикане бар душман медиҳад ва  сарбаландона ба ин ҷанг хотима мебахшад .

Вай афзуд : Mан бо тамоми масъулият , ин ҳамлаи ваҳшиёнаи Исроил ба Эронро маҳкум мекунам . Эрон дар тӯли таърих ба ҳеҷ кишваре ҳуҷум набурдааст, бар акс гаҳворау маҳди куҳантарин фарҳангҳо ва тамаддунҳо буда, ки миллатҳои дигар низ аз он баҳравар шудаанд . Дифоъи Эрон аз марзу буми худ , дифоъ аз фарҳангу тамаддуни  эронӣ аст . Исроил бо ин ҷанги ваҳшиёнау номардона гаҳвораи фарҳангу тамаддунро нишонаи гирифта, ки ноком хоҳад монад .

Исрофилниё  идома дод : Дар сарзамини Эрони бузург ҳазорон ёдгориҳои фарҳангӣ мавҷуданд ки арзиши бузурги илмӣ ва таърихӣ доранд ; Худо накунад ки ба онҳо осебе расад . Ман ҳеҷ фарқе байни ДИИШ ва неруии аҳримании саҳюнистии Исроил намебинам.

Вай бо ишора ба ин ки, хуни 60 ҳазор зану кӯдаки бегуноҳи фаластинӣ бар гардани ин режими хуношоми вайронгараст, афзуд : Ҷанг пеш аз ҳама зарба ба фарҳанг ва гуфтугуи фарҳангӣ мезанад . Бояд ин ҷанги ноодилона ва номардона ҳарчӣ зудтар поён ёбад .

Ин устоди донишгоҳи Тоҷикистон изҳор дошт : Дар шароити кунунӣ ки абарқудратҳо мехоҳанд аз масири ҷангу зур гуфтан, хостаҳои худро бар сари дигарон таҳмил кунанд, бояд равшанфикрону фарҳангёни тамоми ҷаҳон , хусусан ниҳодҳои фарҳангии байналмилалӣ муқобили ҷангу зур гуфтани роҳбарони худкома қиём кунанд ва гуфтугуи фарҳангиро дар муқобили ҷангу куштор ба роҳ гузоранд .

Исрофилниё  гуфт : Ҳамаи тоҷикон як дил ва як ҷон аз Эрон ҷонибдорӣ ва ҳамлаи Исроилро маҳкум мекунанд . Танҳо як назар ба сафҳаҳои матбуоти кишвару фазои маҷозӣ кофӣ аст то аз мавзеи мардуми тоҷик бохабар шавед . Аз нигоҳи мо мардуми Тоҷикистон,  Эрон ватани таърихии мост ва мо ба ҳеҷ ваҷҳ худро аз Эрони ҳамзабон ва ҳамфарҳанг ҷудо намедонем . Душмани Эрон душмани мост , амнияти Эрон амнияти мост .