Нахустин ҳамоиши ҷаҳонии "Моҳи дар шаст" дар Олмон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i122212-Нахустин_ҳамоиши_ҷаҳонии_Моҳи_дар_шаст_дар_Олмон
Порстудей- филми синамоӣ "Моҳи дар шаст" дар бахши "Понуромо"-и байналмилалии флими Эшлинг экрон шуд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Октябр 02, 2025 12:13 Asia/Dushanbe
  • Нахустин ҳамоиши ҷаҳонии \
    Нахустин ҳамоиши ҷаҳонии \"Моҳи дар шаст\" дар Олмон

Порстудей- филми синамоӣ "Моҳи дар шаст" дар бахши "Понуромо"-и байналмилалии флими Эшлинг экрон шуд.

Моҳи дар шаст сохтаи муштараки Эрон ва Тоҷикистон дар канори 12 филми дигар дар бахши "Понуромо"-и сивумин ҷашнвораи байналмилалии филми Эшлинг дар шаҳри Хемнитси Олмон, ки аз ҷумлаи ҷашнвораҳои муътабари филмҳои кудак ва навҷавон башумор меравад нахустин намоиши ҷаҳонияшро таҷруба кард.

Абдуллоҳ Абдураҳимзода ифогари нақши "Далер" дар ин асар ба ҳамроҳи Муҳиддин Музафар коргардони "Моҳи дар шаст" дар аввалин намоиши ҷаҳонии филм дар ҷашнвораи Эшлинг ҳузур дошт.

Image Caption

Ин филм, ки бо мушорикати шабакаи Ойфилм ва сармоягузорони эронӣ "Ширкати шитобдиҳандаи Сикоп" ва тоҷикистонӣ "Довфилм ва Тоҷикфилм" тавлид шуд илова бар ҷашнвораи Эшлинг, ки аз 27 сентябр то 4 октябр баробар бо 5 то давоздаҳуми меҳрмоҳ идома дорад ин рузҳо дар бахши мусобиқаи байналмиалии сивуҳафтумин ҷашнвораи байналмилалии филмҳои кудак ва навҷавонон низ ҳузр дорад ва қарор аст рузи душанбе 6 октябр дар сонси соати 10:30 Пардиси синамои Чаҳорбоғи Исфаҳон ба намоиш дарбиёяд.

Image Caption

. «Моҳӣ дар шаст»; Ҷилваи нахустин ҳамкории бузурги синамоии Эрон ва Тоҷикистон