«Моҳӣ дар шаст»; Ҷилваи нахустин ҳамкории бузурги синамоии Эрон ва Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i122204-Моҳӣ_дар_шаст_Ҷилваи_нахустин_ҳамкории_бузурги_синамоии_Эрон_ва_Тоҷикистон
Порс Тудей - Филми синамоии «Моҳӣ дар шаст» ба коргардонии Муҳиддини Музаффар, филмномае аз Бахтиёр Каримов ва бо бозии Хуршед Мустафоев, Сайёра Сафарӣ ва Абдуллоҳ Абдураҳимзода дар роҳи Исфаҳон аст.
(last modified 2025-10-02T03:37:07+00:00 )
Октябр 01, 2025 14:52 Asia/Dushanbe

Порс Тудей - Филми синамоии «Моҳӣ дар шаст» ба коргардонии Муҳиддини Музаффар, филмномае аз Бахтиёр Каримов ва бо бозии Хуршед Мустафоев, Сайёра Сафарӣ ва Абдуллоҳ Абдураҳимзода дар роҳи Исфаҳон аст.

Тасвирбардории ин асар дар шаҳрҳо ва манозири мутанаввеъи Тоҷикистон, аз Бустон, Айнӣ ва Панҷакент то Норак ва Душанбе анҷом шудааст; сафаре тасвирӣ миёни рӯдхонаҳо ва кӯҳҳо, ки қиссае форсизабонро дар ҳамнишинии фарҳангу тасвир ривоят мекунад.

 

 

Бозигарону авомили филми «Моҳӣ дар шаст», шомгоҳи якшанбе (21 сентябр) дар ойини рӯнамоии ин филм бо ҳузури Паймони Ҷибилӣ, раиси Созмони Садо ва симо; Ғуломалии Ҳаддоди Одил, раиси Фарҳангистони забону адаби форсӣ ва Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон ҳузур ёфтанд.

«Моҳӣ дар шаст», дар ҷамъи филмҳои мунтахаби бахши мусобиқаи байналмилалии 37-умини Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои кӯдакону навҷавонон ҳузур дорад.