«Моҳӣ дар шаст», Ровии пайванди ду миллат
«Моҳӣ дар шаст», Ровии пайванди ду миллати Эрон ва Тоҷикистон аст.
Филми бадеии «Моҳӣ дар шаст», асари ахири коргардони тоҷик Муҳиддини Мозаффар, ки аз ҷониби Бахтиёр Каримов навишта шуда, бо таҳияи Амир Тоҷик ва Моҳиддини Мозаффар ва ҳамчунин шабакаи телевизионии "iFilm"-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ва як ширкати хусусӣ таҳия шудааст, ахиран ба бахши байналмилалии Ҷашнвораи 37-умин филми кӯдакону наврасон пазируфта шуд. Ин филм достони ҳамдардӣ, ҳамзабонӣ ва муштаракоти фарҳангии мо бо Тоҷикистон аст; миллате, ки мардумаш форсиро «забони ниёгони мо» меноманд.
Ин филм нақши марказии модар дар оила ва эҳтироми падару модарро ба ёд меорад. Қаҳрамони ин филм кӯдаке бо номи “Далер” аст, ки барои дидани модар ҳама монеаҳоро паси сар мекунад. Далер кӯдак бошад ҳам, рӯҳи бузург дорад ва калонсолон аз ӯ чизҳои нав омӯхта метавонанд.
Бо баҳонаи ширкати ин филм дар Ҷашнвораи дарпешистодаи филмҳои кӯдакону наврасон ва ҳамчунин ибтикори расонаҳои миллӣ барои таҳияи асарҳои муштараки фарҳангиву синамоӣ, мо бо Моҳиуддини Мозаффар, коргардон, Эҳсон Каве, мудири ширкати "iFilm" ва ду ҳунарпешаи ин филм, аз ҷумла Хуршед Мустафоев ва Абдуллоҳ Абдулраҳимзода мулоқоте анҷом шуда аст, ки дар инҷо метавонед хонед: