Январ 21, 2017 14:03 Asia/Dushanbe
  • Гароиши шаҳрвандони кишварҳои ОМ ба ДИИШ сабаби иҷтимоӣ дорад

Коршиноси масоили сиёсии Қазоқистон бар ин бовар аст, ки гароиши шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба гурӯҳи террористии ДИИШ реша дар сиёсати низомҳои ҳокими ин ҷумҳуриҳо дорад.

Ба гузориши сойти “Фарғона”, Талъат Муҳаммадраҳимов таъкид кардааст, ки яке аз решаҳои умдаи гароиши шаҳрвандони Узбакистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ба гурӯҳи террористии ДИИШ вуҷуди табъизу нобаробарӣ дар ҷомеаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Ин коршиноси масоили сиёсии Қазоқистон муддаӣ аст, ки қудрату иқтисод ва тиҷорат дар ин кишварҳо дар дасти як гурӯҳ аз нухбагон мутамаркиз шуда, насли ҷавон, ки аз доштани кори муносибу мавқеияти матлуб дар ҷомеа ноумед ва ба фақру нобаробарӣ гирифтор аст, роҳи наҷотро дар пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ мебинад, ки шиорҳои фиребандае дар бораи адолати исломӣ сар медиҳад.

Аз дидгоҳи ин таҳлилгари қазоқ, низомҳои ҳоким дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо сиёсати табъизу беадолатии худ заминаи гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиро фароҳам мекунанд. Ӯ афзуд, ҳатто дар кишварҳое назир Қазоқистон, ки аз нигоҳи иқтисодӣ дар шароити беҳтаре қарор дорад, аз коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ, узбакистонӣ ва қирғизистонӣ ба унвони барда истифода мешавад.

Раҳимов бо баёни ин ки бисёре аз муҳоҷирон дар Русия ба гурӯҳҳои террористӣ ҷалб мешаванд, ёдовар шуд, ки дар Русия низ муҳоҷирон таҳти сиёсати табъиз ва нобаробарӣ қарор доранд.

 

Барчасп