Август 04, 2016 09:48 Asia/Dushanbe
  • Амрико Афғонистонро дарвозаи вуруд ба Осиёи Марказӣ медонад

Нашрияи русии "Коммерсант" таъкид кардааст, ки Амрико ба баҳонаи баргузор кардани дидори Ҷон Керри бо панҷ ҳамтои худ аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон, ки ба унвони музокироти C5+1 дар Вашингтон доир шуд, қасд дорад, аз Афғонистон ба унвони дарвозаи вуруд ба Осиёи Марказӣ истифода кунад.

Ба навиштаи нашрияи "Коммерсант", Рафаэл Сатторов, коршиноси масоили сиёсии Узбакистон муътақид аст, ки Амрико бо ироаи тарҳҳое назири "Осиёи марказии бузург", "Ҷодаи ҷадиди абрешим" ва таъсиси гурӯҳе мавсум ба C5+1 қасди муқобила бо нуфузи Русия ва Чинро  дорад. Ӯ  таъкид кардааст, ки ҳадафи умдаи Вашингтон аз ин иқдомот истифода аз зарфияти панҷ кишвари Осиёи Марказӣ барои беҳбуди авзои Афғонистон аст.

Дар ҳамин ҳол, Санъат Кушкумбоев, муовини раиси Маркази пажуҳишҳои роҳбурдии Қазоқистон мегӯяд, ҳамкории панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бо Амрико дар иртибот ба канор гузоштани ихтилофоти марзӣ, об, энержӣ ва иддаоҳои сиёсии нухбагони ҳокими кишварҳо аст, зеро мақомоти ин  кишварҳо барои тақвияти ҳамкориҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ ниёз ба поён додан ба ихтилофоти мавҷуд дар Осиёи Марказӣ доранд, ки солҳост, монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушду пешрафти ин ҷумҳуриҳо ба ҳисоб меравад.

Ҷон Керри, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи чаҳоршанбе, 3 август дар Вашингтон бо панҷ ҳамтои худ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мавзӯи густариши равобит бо ин кишварҳо ва авзои Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор дод. Гуфтанист, нахустин дидори вузарои умури хориҷии Амрико ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар чорчӯби C5+1 дар соли 2015 дар шаҳри Самарқанд баргузор шуда буд.

Барчасп