Фирори коргарони муҳоҷир аз пардохти ҳазинаи иҷозатномаи кор дар Русия
(last modified Tue, 07 Feb 2017 05:01:03 GMT )
Феврал 07, 2017 10:01 Asia/Dushanbe
  • Фирори коргарони муҳоҷир аз пардохти ҳазинаи иҷозатномаи кор дар Русия

Бо вуҷуди афзоиши теъдоди коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия, даромади ин кишвар аз ҳисоби фурӯши иҷозатномаи кор коҳиш ёфтааст.

Ба гузориши сайти Осиёи Марказӣ, мақомоти Идораи муҳоҷирати вобаста ба Вазорати умури дохилии Русия мегӯянд, ки ҳамакнун дар қаламрави Русия байни 3 то 5 миллион коргари муҳоҷир ғайриқонунӣ ҳузур доранд, ки бештари онон атбои ҷумҳуриҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҳастанд.

Вячеслав Поставнин, раиси Сандуқи “Муҳоҷират дар қарни 21” гуфт, соли гузашта беш аз 2 миллион нафар ба таври расмӣ барои кор ба Русия ворид шудаанд, ки бояд барои ин теъдод иҷозаи кор содир мешуд, аммо дар амал ҳатто як севуми ин афрод барои дарёфти муҷаввизи кор иқдом накарданд.

Паставнин иллати ин мавзӯро гаронии қимати иҷозатномаи кор унвон кард, ки бо ташрифоти идорӣ барои бори нахуст ба 25 ҳазор рубл хоҳад расид.

 Вай гуфт, ин дар ҳолест, ки ҳамакнун фақат дар шаҳри Маскав ҳазинаи тамдиди муҷаввизи моҳонаи кор ба беш аз 4 ҳазор рубл мерасад.

Раиси Сандуқи “Муҳоҷират дар қарни 21” афзуд, агар дар соли 2014 ба Маркази судури муҷаввизи кор барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар шаҳри Маскав 800 ҳазор нафар муроҷиа карда бошанд, дар соли 2016 теъдоди ин афрод ба 400 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст.

Ҳамакнун бисёре аз коргарони муҳоҷир ва ба вижа шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ тарҷеҳ медиҳанд, ки фақат бар асоси тавофуқи шифоҳӣ бо корфармоён фаъолият кунанд.

Соли гузашта беш аз 441 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Русия рафтаанд, ки беш аз 333 ҳазор нафар аз онон ба дарёфти иҷозаи кор дар ин кишвар иқдом кардаанд.

 

Барчасп