Ривоҷи ҳиҷоб дар мактабҳои Қирғизистон
Намояндаи парлумони Қирғизистон аз афзоиши духтарони ҳиҷобдор ва бетаваҷҷуҳӣ ба либосҳои махсус дар мактабҳои ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Аида Исмоилова, намояндаи парлумони Қирғизистон гуфт, омори духтарони ҳиҷобдор дар мактабҳои Қирғизистон рӯ ба афзоиш аст. Намояндаи парлумони Қирғизистон афзуд, дар бархе мактабҳо тибқи дастури Вазорати маориф амал карда намешавад ва донишомӯзон бо доштани ҳиҷоб аз улгӯҳои ироашудаи ин вазорат пайравӣ намекунанд. Исмоилова таъкид кард, талабагони мактабҳо ҳама бояд либосҳои воҳид бипӯшанд ва мудирон бояд раванди иҷрои ин барномаро назорат кунанд.
Бо вуҷуди он ки дар даврони ҳукмронии 70-солаи Иттиҳоди Шӯравӣ маҳдудиятҳои шадид дар Қирғизистон пиёда мешуданд, дар солҳои ахир гароиш ба арзишҳои исломӣ дар миёни мардуми ин кишвар афзоиш ёфта, ки яке аз нишонаҳои он афзоиши хоҳиши бонувони қирғиз ба истифода аз ҳиҷоб аст. Аммо Ҳукумати Қирғизистони соҳибистиқлол низ дар солиёни гузашта ҳамвора ба дунболи маҳдуд кардани озодиҳои динӣ дар ин кишвар будааст.