Феврал 13, 2017 11:32 Asia/Dushanbe
  • Қирғизистон пешниҳоди интернети арзони чиниро ба Тоҷикистон ироа дод

Раиси ширкати мухобирот ва иртибототи Қирғизистон аз гуфтугӯ бо ҳамтоёни тоҷикистонӣ дар бораи фурӯши хадамоти интернети арзони чинӣ ба ин кишвар хабар дод.

Ба иттилои хабаргузории Акипресс, Бакитбек Шаршембиев, дар посух ба пурсиши намояндагони Парлумони Қирғизистон дар мавриди хариди хадамоти интернетӣ аз Чин гуфт, як ширкат дар ин кишвар аз интернети чинӣ истифода мекунад .

Гурӯҳе аз намояндагони Парлумони Қирғизистон ба далели гарон будани хадамоти интернетӣ дар ин кишвар, ки аз Қазоқистон мавриди истифода қарор мегирад, ҷойгузин кардани ширкатҳои чинӣ ба ҷои ширкатҳои қазоқистониро хостор шудаанд. Қиммати хадамоти интернет дар Қирғизистон дар муқоиса бо Қазоқистон 10 баробар гаронтар аст, ин мавзуъ муддатест, ки муҷиби ихтилоф миёни мақомоти ширкатҳои мухобироту иртибототи Қирғизистон ва Қазоқистон шудааст. Аз ин рӯ намояндагони Парлумони Қирғизистон ба раиси ширкати мухобироту иртибототи ин кишвар пешниҳод кардаанд, ки бо хариди ҳаҷми бештари интернети чинии арзон бахше аз ин хадамотро ба Тоҷикистон бифурӯшанд .

Ширкатҳои чинӣ ба Қирғизистон хариди ҳаҷми зиёди хадамоти интернет ба қиммати арзонро пешниҳод кардаанд, ки бештар аз ниёзи ин кишвар мебошад .