Феврал 13, 2017 21:37 Asia/Dushanbe
  • Баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Туркманистон

Рақобати 9 номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Туркманистон рӯзи якшанбе, 12 феврал дар шароите дар саросари ин кишвар оғоз шуд, ки интихоботи соли 2017 бинобар ширкати нуҳ номзад барои соҳиб шудан ба курсии раёсатҷумҳурӣ бесобиқа будааст.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон пас аз ширкат дар интихобот хитоб ба хабарнигорони хориҷию дохилӣ ва ҳайати нозирони хориҷӣ гуфт, интихобот тибқи Қонуни Асосии ҷадиди Туркманистон баргузор мегардад ва дар он ҳама муқаррароту меъёрҳои ҷаҳонӣ риоя мешавад. Ҳамин ду вижагӣ, ширкати нуҳ номзад ва низ риоя шудани меъёрҳои интихоботӣ сабаб шуд, ки Бердимуҳаммадов интихоботи 12-уми февралро воқеаи таърихӣ дар ҳаёти сиёсии Туркманистон тавсиф кунад. Ӯ ҳамчунин дар рӯзи раъйдиҳӣ дар мусоҳибае, ки аз тариқи яке аз шабакаҳои телевизионии Туркманистон пахш шуд, ба таҳияи баъзе тағйирот ба Қонуни Асосӣ бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, амалӣ кардани барномаҳои миллии рушди ҳамаҷониба то соли 2020 ва низ пайравӣ аз асли бетарафӣ дар сиёсати хориҷӣ ишора кард. Ин изҳороти ӯ аз ҷумлаи нукоте аст, ки мунтақидони тезбин ва мухолифони хориҷнишини Бердимуҳаммадов аз он ба унвони истифодаи таблиғоти раисҷумҳури Туркманистон аз расонаҳо ва шабакаҳои хабарӣ дар рӯзи интихобот ном мебаранд. Ин ду изҳори назар дастикам метавонад ноқизи қонуни “рӯзи сукут” бошад, зеро номзадҳои рақиб дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ бояд бо риояти он аз рӯзи пеш аз интихобот то эъломи расмии натоиҷ аз таблиғи худ даст бикшанд.

Интихоботи раёсатҷумҳурии 12 феврали Туркманистон, ки номзадҳои он аз сӯйи се ҳизб, демократӣ, кишоварзӣ, корфармоён ва соҳибони саноати ин кишвар пешбарӣ шуд, фақат аз лиҳози теъдоди номзадҳо ва ширкати намояндагони ҳизбҳои мухталиф ба ҳайси номзад аз дигар интихоботҳои риёсатҷумҳурии Туркманистон мутафовит будааст. Тафовути дигари ин интихобот бо интихоботҳои гузаштаи ин кишвар он аст, ки дар гузашта аҳзоб, гурӯҳҳои мухолифу мунтақидони давлати Ашқобод иҷозаи вуруд ба арсаи интихоботиро надоштанд.

Воқеият он аст, ки парлумони Туркманистон дар соли гузашта ба Қонуни Асосӣ тағйирот ворид кард ва бар асоси он, маҳдудияти синни номзадҳо ба мансаби раисҷумҳурӣ лағв гашта, тӯли давраи раёсатҷумҳурӣ низ аз 5 ба 7 сол афзоиш ёфт. Ҳамин тағйирот барои давраҳои баъдии интихобот кофӣ буд, то мунтақидони Бердимуҳаммадов ин тағйиротро иқдоме ҷиҳати модом-ул-умр ҳукумат кардани Бердимуҳаммадов дар Туркманистон арзёбӣ кунанд. Ин дар ҳоле буд, ки дар даврони ҳукумати Бердимуҳаммадов мухолифони воқеии Ҳукумати Туркманистон, ки дар даврони Ниёзов ногузир аз табъид шуда буданд, ҳеҷ гоҳ фурсат ва маҷоли мушорикат дар таҳаввулоти сиёсию иҷтимоӣ кишварро пайдо накардаанд. Вазъ дар ростои ин масъала ба ҳадде шадид буд, ки Нурмуҳаммад Хономов, раҳбари Ҳизби ҷумҳурихоҳи Туркманистон, ҳизби мухолиф, ки дар табъид ба сар мебарад, гуфта буд, рақибони Бердимуҳаммадов бинобар вафодории худ ба шахси раисҷумҳур "рақиб" интихоб шудаанд. Ин интиқоде буд, ки ба муаррифии номзадҳои рақиби Бердимуҳаммадов дар интихоботи 12 феврали соли 2017 низ рабт дорад. Бинобар ин ҳеҷ баид нест, дар поёни ин интихобот низ ҳамчун интихоботи гузаштаи раёсатҷумҳури Туркманистон аҳзоби мухолиф ва мунтақиди давлати Ашқобод тайи баёнияҳои муштарак ҳама талошҳои демократмаобонаи Бердимуҳаммадовро барои баргузории интихоботи шаффофу демократӣ ба чолиш бикашанд ва ширкати намояндагони аҳзоби гуногунро дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ иқдоме ҷиҳати ҷалби ризоияти давлатҳои ғарбӣ ва ташвиқи онон ба идомаи ҳамкориҳои иқтисодию сиёсӣ бо Ҳукумати Туркманистон ва шахси Бердимуҳаммадов арзёбӣ кунанд.