Феврал 14, 2017 20:12 Asia/Dushanbe
  • 8  узви фаъоли Ҳизби таҳрир дар ҷануби Қирғизистон боздошт шуданд

Вазорати умури дохилии Қирғизистон аз дастгирии 8 узви фаъоли созмони Ҳизби таҳрир тавассути полиси устони Уш дар ҷануби ин кишвар хабар дод.

Вазорати умури дохилии Қирғизистон аз дастгирии 8 узви фаъоли созмони Ҳизби таҳрир тавассути полиси устони Уш дар ҷануби ин кишвар хабар дод .

Ин афрод дар ҳоли баргузории ҷаласаи худ дар яке аз ресторанҳои ин устон буданд .

Дар гузориши дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Қирғизистон омадааст: Дар сентябри соли 2016 имом ҷамоати яке аз масоҷиди шаҳри Уш дастгир шуд .

Кормандони полис дар маҳалли сукунати вай матолиби мамнуаи марбут ба Созмони террористии Ҳизби таҳрир ва ДИИШ-ро пайдо карданд .

Бар асоси моддаи 299 қонуни ҷиноии Қирғизистон таҳти унвон “Таҳрики нафрати миллӣ, қавмӣ, динӣ” барои ин афрод парвандаи ҷиноӣ боз шуд .

Дастгирии 8 узви дигари Ҳизби таҳрир дар 22 баҳман дар чорчуби ин парванда анҷом гирифт .

Бар асоси иттилооти Вазорати умури дохилии Қирғизистон, дар паи ҷустуҷу дар маҳалли сукунати 3 нафар аз ин афрод, матолиб ва филмҳое бо мафҳуми ифротгароӣ ва террористӣ пайдо шуд .

Илова бар ин яке аз дастгиршудагон, ки сокини Уш мебошад, пеш аз ин бар асоси моддаи 299 таҳти пайгарди қонунӣ қарор гирифта буд .