19 ноябр интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i13462-19_ноябр_интихоботи_раёсатҷумҳурии_Қирғизистон
Дафтари умури матбуотии раисҷумҳури Қирғизистон торихи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишварро 19 ноябри соли 2017 эълом кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 15, 2017 15:07 Asia/Dushanbe
  • 19 ноябр интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон

Дафтари умури матбуотии раисҷумҳури Қирғизистон торихи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишварро 19 ноябри соли 2017 эълом кард.

Ба иттилои пойгоҳи хабарии бурунмарзӣ, раисҷумҳури Қирғизистон рӯзи чаҳоршанбе дар дидор бо раиси Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар эълом кард: Мутобиқи Қонуни асосии Қирғизистон, интихобот бояд дар сеюмин якшанбеи ноябр баргузор шавад .

Раисҷумҳури Қирғизистон афзуд: Дар нуҳ моҳи боқимондаи қабл аз интихобот, мо бояд ҳамаи камбудиҳо ва навоқиси корро рафъ ва аз баргузории интихоботе комилан бозу одилона итминон ҳосил кунем.

Ҷамъияти Қирғизистон барои соли 2015 ҳудуди панҷ миллиону 900 ҳазор нафар баровард шудааст, ки 870 ҳазор нафар аз онон сокини Бишкек, пойтахти Қирғизистон ҳастанд .