Март 04, 2017 12:55 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби коҳиши ихтиёроти раисҷумҳур дар Парлумони Қазоқистон

Парлумони Қазоқистон маҷмуае аз ислоҳоти Қонуни асосии ин кишварро дар машварати аввал тасвиб кард, ки бар асоси он ихтиёроти раисҷумҳури ин кишвар коҳиш меёбад.

Ба иттилои хабаргузории Ройтерс, ин ислоҳот, ки аз ҳимояти Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон бархурдор аст, ихтиёроти парлумони ин кишварро афзоиш хоҳад дод .

Ин ислоҳот дар сурате, ки дар машварати дуввум тасвиб шавад ва раисҷумҳур онро имзо кунад, ба қонун табдил хоҳад шуд .

Бар асоси тасмими раисҷумҳури Қазоқистон, ин ислоҳот ба ҳамапурсии умумӣ гузошта нахоҳад шуд .

Мавзуи ислоҳи Қонуни асосии Қазоқистон аз нимаи моҳи майи соли 2016 дар дастури қонунгузорони ин кишвар қарор гирифт .

Ба муҷиби ин тағийрот, Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон аз ҳаққи номзад шудан барои интихоботи раёсатҷумҳурӣ то замони дилхоҳ бархурдор мешавад.

Коҳиши давраи раёсатҷумҳурӣ аз ҳафт ба панҷ сол аз дигар ислоҳоти Қонуни асосии Қазоқистон аст .

Мунтақидони раисҷумҳури Қазоқистон муътақиданд, Назарбоев талош мекунад, бо ин ислоҳот аз шиддати рақобат миёни ворисони эҳтимолии худ бикоҳад .

Нурсултон Назарбоев аз соли 1988 қудратро дар Қазоқистон дар ихтиёр дорад .

 

Барчасп