Истирдоди муттаҳами дуввуми ҳамла ба Қодир Маликов аз Туркия ба Қирғизистон
Мақомоти қазоии Туркия муттаҳами дуввум дар моҷарои суиқасд ба ҷони Қодир Маликов-раиси Маркази мустақили пажӯҳишии «дин, ҳуқуқ ва сиёсат» ва аз коршиносони радиои тоҷикии Садои Хуросонро пас аз як солу чаҳор моҳ боздошт ба Қирғизистон таҳвил доданд.
Ба гузориши сомонаи АКИ Пресс, сафорати Қирғизистон дар Анкара бо таъйиди ин хабар эълом кардааст, ки Ирисқул Бейшен Алиеви 29 сола, сокини минтақаи Навкат, ки муттаҳами дуввум дар моҷарои суиқасд ба ҷони Қодир Маликов аст, ахиран ба кормандони амниятии Қирғизистон таҳвил дода шуд ва барои муҳокима дар додгоҳ ба Бишкек интиқол ёфт.
Мақомоти қазоии Туркия, дар соли 2016 Телекулу Алибеки 28 сола, сокини минтақаи Норини Қирғизистонро низ ба унвони муттаҳами нахуст дар ин моҷаро ба Қирғизистон таҳвил доданд, ки ба 20 сол зиндон бо мусодираи амвол маҳкум шуд.
Ин ду пас аз лату куби Маликов, дар шаби 26 ноябри соли 2015 ба Қазоқистон ва сипас ба Истамбули Туркия фирор карда буданд.
Пулиси байналмилал – Интерпол, ин афродро дар шаҳри Ғозиёнтеппа Туркия, дар ҳоли рафтан ба Сурия боздошт кард.
Ба гуфтаи мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, ин афрод узви гурӯҳи террористии ДИИШ ҳастанд ва аз сӯи ситоди ин созмони террористӣ такфирӣ, дар шаҳри Раққаи Сурия, дастури куштани Қодир Маликовро ба иллати ифшогариҳояш алайҳи ин гурӯҳ такфирӣ, дарёфт карда буданд.
Маликов дар гуфтугӯ бо радиои тоҷикии Садои Хуросон, далели тӯлони шудани истирдоди муттаҳами дуввум дар ин моҷаро ба Қирғизистонро талоши вакилони мудофеи турк донист, ки аз сӯи гурӯҳи террористии ДИИШ барои озодии ин фард, истихдом шудаанд.
Вай бо хуб арзёбӣ кардани вазъи ҷисмонии хеш пас аз як давра мудово гуфт, ки ахиран ҳамоишҳоеро дар бораи зарурати дифоъ аз интифозаи Қудс ва ифшосозии аҳдофи гурӯҳи террористии ДИИШ баргузор кардааст.