Ҷакупова: Боздошти Текебаев сиёсӣ аст
Март 12, 2017 16:48 Asia/Dushanbe
-
Чолпон Ҷакупова, раиси Созмони ҳуқуқии адолати Қирғизистон
Намояндаи пешини Парлумони Қирғизистони боздошти Омурбек Текебаев, мухолифи саршиноси давлати ин кишварро сиёсӣ донист.
Ба иттилои хабаргузории Форс, Чолпон Ҷакупова намояндаи пешини парлумон ва раиси Созмони ҳуқуқии адолати Қирғизистон бо ишора ба боздошти Омурбек Текебаев, сиёсатмадор ва мухолифи саршиноси давлати Қирғизистон гуфт: Қонун набояд дар бархурд бо мутахаллифон, салиқаӣ амал кунад .
Омурбек Текебаев, масъули фраксияи ҳизбии Ата Мекен дар парлумони Қирғизистон 25 феврали имсол дар бозгашт ба Бишкек аз Иҷлоси парлумонии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Вена, аз ҷониби ниҳодҳои амниятии қирғиз ба иттиҳоми ришвахорӣ боздошт шуд.
Барчасп