Марзи муштараки Туркманистон ва Қазоқистон баста шуд
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i1459-Марзи_муштараки_Туркманистон_ва_Қазоқистон_баста_шуд
Туркманистон ба манзури ташдиди тадобири амниятӣ дар ин кишвар марзи худ бо Қазоқистонро, то ҳаштуми август баст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 06, 2016 14:18 Asia/Dushanbe
  • Марзи муштараки Туркманистон ва Қазоқистон баста шуд

Туркманистон ба манзури ташдиди тадобири амниятӣ дар ин кишвар марзи худ бо Қазоқистонро, то ҳаштуми август баст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар ин муддат вурӯди шаҳрвандони хориҷӣ аз марзи Қазоқистон ба Туркманистон мамнуъ аст.

Давлати Туркманистон барои тақвияти амнияти марзҳои худ бо Қазоқистон ва ё Узбакистонро ба таври муваққат мебандад.

Бар асоси тавофуқи Ашқобод ва Остона, сокинони устони марзии Мангистави Қазоқистон дар ин муддат метавонанд бидуни визо ба устони  Болкони Туркманистон сафар кунанд.

Бархе манобеи хабарӣ иллати басташудани марзҳои Туркманистон бо Қазоқистонро сафарҳои бархе мақомоти ин кишвар ба устонҳои марзӣ унвон кардаанд.