Рӯзи нахусти музокироти “Остона-3” бидуни ҳузури мухолифони сурӣ
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i14592-Рӯзи_нахусти_музокироти_Остона_3_бидуни_ҳузури_мухолифони_сурӣ
Сеюмин давр аз музокироти Остона бо нишастҳои машваратӣ дар бораи буҳрони Сурия, бидуни ҳузури мухолифони сурӣ рӯзи сешанбе оғоз шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 14, 2017 20:24 Asia/Dushanbe
  • Оғози музокироти Остона-3 дар бораи Сурия
    Оғози музокироти Остона-3 дар бораи Сурия

Сеюмин давр аз музокироти Остона бо нишастҳои машваратӣ дар бораи буҳрони Сурия, бидуни ҳузури мухолифони сурӣ рӯзи сешанбе оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории ИСНА, Сергей Лавров-вазири умури хориҷаи Русия, далоили гурӯҳҳои мухолиф ва мусаллаҳи Сурияро барои ҳузур наёфтан дар музокироти Остона, ғайриқобили қабул хонд.

Башор Ҷаъфарӣ, намояндаи давлати Димишқ дар музокироти Остона низ гуфт, мавзуи ҷудо кардани мухолифон аз террористҳо дар садри гуфтугӯҳои даври сеюми Остона қарор дорад ва Туркия бояд, посухгуи мушорикат накардани гурӯҳҳои мусаллаҳ дар музокироти Остона бошад.

Александр Лаврентев - фиристодаи вижаи Владимир Путин-раисиҷумҳури Русия ба гуфтугӯҳои Остона низ дар гуфтугӯ бо хабарнигорон зимни ибрози таассуф аз ҳузур наёфтани мухолифони сурӣ дар Остона, гуфт: «ҳайати сурӣ ба музокирот омада, ки ин иқдом шоистаи таҳсин аст ва бояд бобати он, барои ҳайати музокиракунандаи давлати Сурия эътибор ва имтиёзи вижа дар назар гирифта шавад.»

Вай ҳамчунин гуфт, қонуни асосии ҷадиди Сурия ва таъйини манотиқи истиқрори гурӯҳҳои мусаллаҳ, муҳиммтарин меҳварҳои баҳс дар иҷлоси Остона аст.

Шаби гузашта Муҳаммад Аллуш-раиси ҳайати музокиракунандаи мухолифони Сурия эълом кард, шароити лозим барои ширкат дар музокироти остона муҳаққақ нашудааст ба ҳамин далел, гурӯҳҳои мусаллаҳи Сурия дар ин музокирот ҳозир нахоҳанд шуд.

Имрӯз дар Остона чандин дидори ду ё чанд ҷониба, миёни ҳайатҳои кишварҳои ширкаткунанда баргузор шуд.

Соате қабл дидори сеҷонибаи намояндагони Эрон, Русия ва Туркия дар Остона поён ёфт.

Ҳайати эронӣ ба сарпарастии Ҳусайн Ҷобири Ансорӣ- муовини вазири умури хориҷаи Эрон, имрӯз ҳамчунин бо ҳайатҳои Русия ва Туркия ва низ бо намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дидор кард.