Март 15, 2017 10:23 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби тарҳи нав барои ба даст овардани шаҳрвандии Русия

Маҷлиси Думаи Русия бо тасвиби тарҳе муқаррароти дарёфти шаҳрвандии ин кишвар барои шаҳрвандони ҷумҳуриҳои қаламрави Шӯравии собиқро осонтар кардааст.

Ба гузориши “Спутник”, бар асоси ин қонун зодагони қаламрави Шӯравии собиқ, ки ба забони русӣ тасаллут доранд, метавонанд барои дарёфти шаҳрвандии Русия иқдом кунанд.

Константин Затулин, намояндаи Маҷлиси Думаи Русия гуфтааст, ки бар асоси қонуни нав мутаваллидони қаламрави Шӯравии собиқ ва фарзандони онон аз имтиёзи дарёфти шаҳрвандии Русия бархӯрдор хоҳанд шуд.

Ҳамчунин коргарони муҳоҷири кишварҳои Осиёи Марказӣ ва хонаводаҳои онон, ки дар даврони иқомат дар Русия бо забону фарҳанги ин кишвар ошно шудаанд, метавонанд барои дарёфти шаҳрвандии Русия иқдом кунанд.

Бар асоси гузориши созмонҳои муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ дар Русия, дар беш аз ду даҳаи ахир 500 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон тобеияти Русияро дарёфт кардаанд.

Муовини дафтари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон таъкид мекунад, ки теъдоди хонаводаҳои тоҷики хостори рафтан ба Русия ва кору иқомат дар ин кишвар, ҳамасола дар ҳоли афзоиш аст.

Владислав Маркевич аз дарёфти тақозои 14 ҳазор шаҳрванди ин ҷумҳурӣ барои рафтан ба Русия ва иқомат дар ин кишвар дар соли 2016 хабар дода буд.

Ба гуфтаи муовини дафтари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон, ин омор дар соли 2014 беш аз 10 ҳазор нафар буд, ки дар соли 2015 ба 13 ҳазор нафар ва соли гузашта ба 14 ҳазор нафар расид.

 

Барчасп