Боздошти 68 муътариз дар Қирғизистон
Март 26, 2017 05:29 Asia/Dushanbe
68 тан аз муътаризон ба боздошти Садир Жапаров, намояндаи собиқи Парлумони Қирғизистон дар Бишкек, пойтахти ин кишвар дастгир шуданд.
Ба гузориши хабаргузории Апа, Алмаз Орозалиев, муовини вазири кишвари Қирғизистон эълом кард, ин афрод рӯзи гузашта ба иттиҳоми эҷоди иғтишош ва ихтилол дар назми умумӣ боздошт шуданд .
Садир Жапаров, намояндаи собиқи Парлумони Қирғизистон, ки яке аз сарсахттарин мухолифони давлати Бишкек маҳсуб мешавад, ахиран дар фурӯдгоҳи ин шаҳр боздошт шуд .
Вай ба эҷоди иғтишош ва чанд фақара ҷурми кайфарӣ муттаҳам аст .