Март 30, 2017 10:13 Asia/Dushanbe
  • Баргузории Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Узбакистон дар Тоҷикистон

Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Узбакистон тайи рӯзҳои 17-21 апрели соли ҷорӣ дар маркази тиҷории мавсум ба "Пойтахт-90", дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ба гузориши Палатаи савдои Тоҷикистон, ин намоишгоҳ бо ҳимояти ҳукуматҳои ду кишвар ва Вазорати иқтисод, сармоягузорӣ ва тиҷорати Узбакистон баргузор хоҳад шуд. Палатаи савдои Тоҷикистон таъкид кардааст, Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Узбакистон дар ин кишвар дар чорчӯби амалӣ кардани тавофуқоти дуҷониба, ки дар ҷараёни чаҳорумин нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодию тиҷории ин ду ҷумҳурӣ дар авохири соли 2016 дар шаҳри Душанбе ба даст омада буд, баргузор мешавад.

Бар асоси ин гузориш, ширкатҳои узбакистонӣ дар ин намоишгоҳ анвои маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла худравҳо, нафту кимиё, таҷҳизоти кишоварзӣ ва бофандагиро дар маърази диди умум қарор хоҳанд дод. Ҳамчунин дар ҳошияи ин намоишгоҳ нишасти муштараки фаъолони иқтисодии Узбакистону Тоҷикистон ба манзури баррасии роҳҳои сармоягузорӣ, сохти корхонаҳои муштарак ва истифода аз фанновариҳои ҷадид баргузор мешавад.

Ин нахустин Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Узбакистон дар Тоҷикистон тайи беш аз 20 сол ахир хоҳад буд, ки пас аз даргузашти Ислом Каримов, собиқ раисҷумҳури Узбакистон дар моҳи сентябри соли 2016 ва рӯйи кор омадани ҳукумати ҷадид дар Тошканд аз беҳбудии равобити ин ду кишвари ҳамсоя дарак медиҳад.