Апрел 02, 2017 17:55 Asia/Dushanbe
  • Лағви муҷозоти зиндони камтар аз шаш моҳ дар Узбакистон

Ҳукумати Узбакистон эълом кард, Қонуни хидмат барои манофеи умумӣ дар ин кишвар ҷойгузини муҷозоти зиндони камтар аз шаш моҳ хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Анадолу”, Ҳукумати Узбакистон рӯзи шанбе бо интишори баёнияе эълом кард, бар асоси ҳукме, ки Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон имзо кардааст ва парлумони ин кишвар низ ба он раъйи мувофиқ додааст, Қонуни муҷозоти зиндони камтар аз шаш моҳ лағв ва Қонуни хидмат ба манофеи умумӣ ҷойгузини он мешавад.

Қонуни хидмат ба манофеи умумӣ ба манзури "муҳофизат аз ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Узбакистон" ба иҷро гузошта мешавад. Бар асоси ин қонун, муҷримоне, ки ба муҳлати як то шашмоҳ маҳкум мешаванд, бо муҷозоти "кор ё хидмат ба суди манофеи умумӣ" рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Ҳамчунин бар асоси қонуни ҷадид, муддати боздошт ва ҳабси хонагӣ низ аз 12 ба ҳафт моҳ коҳиш хоҳад ёфт.

 

Барчасп