Лағви парвози Тошканд – Душанбе аз сӯйи Узбакистон
Ширкати миллии хутути ҳавоии Узбакистон аз лағви нахустин парвози Тошканд – Душанбе, ки мебоист имрӯз, сешанбе, 4 – уми апрел анҷом шавад, хабар дод.
Ба гузориши РИА Новости, намояндаи ширкати миллии хутути ҳавоии Узбакистон далели лағви нахустин парвози ин ширкат ба пойтахти Тоҷикистон пас аз 25 солро камбуди мусофир унвон кардааст.
Ин дар ҳоле аст, ки ширкати ёдшуда дар моҳи феврали соли ҷорӣ, аз оғози муназзами парвозҳояш ба мақсади Душанбе дар рӯзҳои шанбе ва сешанбеи ҳар ҳафта хабар дода буд.
Бар ин асос ҳам фурӯши билет низ роҳандозӣ шуда ва қимати он барои як тараф 150 доллар ва рафту баргашт 300 доллар таъйин шуда буд. Ҳамчунин ширкати миллии хутути ҳавоии Узбакистон ба манзури ҷазби мусофирон барои парвоз дар масири Душанбе – Тошканд дар пойтахти Тоҷикистон дафтари намояндагиашро ифтитоҳ кард.
Мақомоти ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ва Узбакистон дар моҳи ноябри соли 2016 бо имзои созишномае барои азсаргирии парвозҳо миёни Тошканд – Душанбе ба тавофуқ расиданд, ки мебоист ширкати "Сомон эйр"– и Тоҷикистон ва ширкати миллии хутути ҳавоии Узбакистон ҳар як – ду парвоз дар ҳафта дар ин масир анҷом диҳанд.
Ширкати "Сомон эйр"– и Тоҷикистон дар рӯзи 10– уми феврали соли ҷорӣ як парвози озмоишӣ аз Душанбе ба Тошканд анҷом дод. Аммо мақомоти ҳавопаймоии Узбакистон ба баҳонаи дер ироа шудани мадорик барои идомаи парвози ин ширкат аз Душанбе ба Тошканд муҷаввиз надоданд ва то ба ҳол ин мушкил ҳал нашудааст.
Парвоз ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон аз рӯзи 10– уми майи соли 1992 бо оғоз даргириҳои мусаллаҳона дар Тоҷикистон қатъ шуда буд.