Талоши дубора барои азсаргирии парвози Тошканд - Душанбе
Мақомоти ду кишвари Узбакистон ва Тоҷикистон дар талош барои азсаргирии парвози Тошканд ва Душанбе ҳастанд.
Ба гузориши хабарнигори радиои узбакӣ, ба нақл аз "Кӯн.ӯз", рӯзи чаҳоршанбеи 5-уми апрел сафири Узбакистон дар Тоҷикистон азсаргирии муҷаддади парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ байни ду кишвари Узбакистон ва Тоҷикистон ва талош барои ин иттифоқро муҳимтарин гом барои пешбурд ва иртиқои сатҳи муносиботи ду кишвар донист.
Шоҳқосим Шоҳисломов дар маросиме, ки ба хотири парвози ҳавопаймои мусофирбарии Тошканд ва Душанбе баргузор шуда буд афзуд, барои тақвияти сатҳи ҳамкориҳо дар равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ, гардишгарӣ, содироту воридот ва ҳамлу нақл, ин парвоз барои ду кишвар дорои аҳамият аст.
Қарор буд рӯзи душанбеи 3-юми апрел парвоз аз шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон ба самти шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон анҷом шавад, ки ин парвоз лағв шуд ва иллати он фурӯши андаки шумори билет барои ин хатти парвоз эълом шуд.
Парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон аз рӯзи даҳуми майи соли 1992 ба таври якҷонба аз сӯйи давлати вақти Тошканд қатъ шуд.