Апрел 10, 2017 17:58 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Қазоқистон бар таҳқиқи бетарафона дар бораи ҳамлаи химиявии Сурия

Давлати Қазоқистон рӯзи душанбе дар баёнияе таҳқиқи бетарафона ва ҷомеи байналмилалиро дар бораи ҳамлаи химиявӣ дар Сурия хостор шуд.

Ба иттилои торнамои Акипресс, давлати Қазоқистон дар баёнияи худ афзудааст, истифода аз ҳаргуна силоҳи куштори ҷамъиро ба унвони як амали ғайриахлоқӣ ва ғайриинсонӣ маҳкум мекунад .

Давлати Қазоқистон ҳамчунин таъкид кард, хостори идомаи гуфтугӯҳои мустақим миёни давлати Сурия ва гурӯҳҳои мухолиф бо таъкид бар ҳифзи оташбас дар чорчуби раванди музокироти Остона аст .

Музокироти сурӣ бо ҳадафи расидан ба тавофуқи сулҳ, дар Женева барномарезӣ шуд ва дар Остонаи Қазоқистон бо ҳузури Эрон, Русия ва Туркия ба унвони бониёни нишаст, ҳайъатҳои давлати Сурия ва гурӯҳҳои мусаллаҳ, Стаффан де Мистура, намояндаи дабири кулли Созмони милали муттаҳид дар умури Сурия ва сафири Амрико дар Қазоқистон идома ёфтааст .

 

Барчасп