Тавофуқи Узбакистону Қирғизистон барои ҳалли ихтилофоти марзӣ
Узбакистону Қирғизистон бар сари таъини таклифи як ҳазор километр аз марзҳои мавриди ихтилоф ба тавофуқ расиданд.
Ба гузориши Ка-Ниюз, Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Узбакистон бо эъломи ин хабар таъкид кард, ба далели ҳассосияти мавзуъ, ҳалли ихтилофоти марзӣ бояд бар асоси асли ҳамҷаворӣ, эҳтиром ва ба расмият шинохтани манофеи мутақобил сурат гирад.
Таъини ҳудуди марзии кишварҳои Осиёи Марказӣ баъд аз гузашти 25 сол аз истиқлолашон ҳануз лоянҳал боқӣ мондааст .
Қазоқистон ва Туркманистон тақрибан тавонистаанд бештари масоили марзии худ бо ҳамсоягонро ҳал кунанд, аммо ихтилофоти марзӣ миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон, равобити ин се кишварро дучори буҳрон кардааст .
Осиёи Марказӣ бо доштани масоҳате муодили се миллиону 994 ҳазору 400 километри мураббаъ ва ҷамъияте ҳудуди 60 миллион нафар ва дар ихтиёр доштани манобеъ ва захоири табиӣ ҷойгоҳи барҷастае дар ҷаҳон дорад ва ихтилофоти марзии ин минтақа низ дастовезе барои ҳузури бегонагон шудааст .