Ройзаниҳои Зариф бо мақомҳои баландпояи қирғиз дар Бишкек
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i15980-Ройзаниҳои_Зариф_бо_мақомҳои_баландпояи_қирғиз_дар_Бишкек
Вазири умури хориҷаи Эрон бо раиси ҷумҳурӣ ва вазири умури хориҷаи Қирғизистон дар Бишкек дидор ва гуфтугӯ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 19, 2017 10:25 Asia/Dushanbe
  • Ройзаниҳои Зариф бо мақомҳои баландпояи қирғиз дар Бишкек

Вазири умури хориҷаи Эрон бо раиси ҷумҳурӣ ва вазири умури хориҷаи Қирғизистон дар Бишкек дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф, ки сешанбешаб, дар охирин мақсади сафари давраии худ ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз вориди Бишкек, пойтахти Қирғизистон шуд, имрӯз-чаҳоршанбе бо Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии ин кишвар дар бораи роҳкорҳои густариши равобити Теҳрон-Бишкек дар заминаҳои мухталиф баҳсу табодули назар кард.

Ду тараф дар ин дидор бар лузуми баҳра гирифтан аз тавофуқҳои дуҷониба барои густариши фарогири ҳамкориҳо таъкид карданд.

 Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бо Эрлан Абдулдаев, ҳамтои қирғизи худ дидор кард ва пас аз ин дидор дар нишасти хабарии муштарак гуфт, равобити иқтисодиву сиёсии ду кишвари Эрону Қирғизистон дар ҳамаи ҳавзаҳо, аз ҷумла фанноварӣ ва улуми пешрафта, энержӣ, сохтусоз ва ҳамкорӣ дар ҳавзаи кишоварзӣ, домдорӣ, санъат ва маъдан густариш хоҳад ёфт .

Зариф дар ҳамоиши муштараки иқтисодии Эрону Қирғизистон низ таъкид кард, Эрон ҳеч сақфе дар равобит бо Қирғизистон намешиносад.

Вай дар ин дидор бо табрики биступанҷумин солгарди истиқлоли Қирғизистон гуфт, Эрону Қирғизистон ду кишвар бо фарҳангу дину ойин ва ҷуғрофиёву собиқаи торихии муштарак ҳастанд ва аз ибтидои истиқлоли Қирғизистон, Эрон аз нахустин кишварҳое буд, ки ин истиқлолро ба расмият шинохт.

 Зариф таъкид кард, Эрон дӯстони даврони сахтиро фаромӯш намекунад.

Вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе ба даъвати вазирони умури хориҷаи Туркманистон, Гурҷистон ва Қирғизистон дар садри ҳайате сиёсӣ ва иқтисодии сафар ба ин се кишварро оғоз кард.