Апрел 27, 2017 11:02 Asia/Dushanbe
  • Мирзиён: Бояд дидгоҳи мардуми рус ба коргарони муҳоҷири хориҷӣ ба сӯйи мусбат тағйир кунад.
    Мирзиён: Бояд дидгоҳи мардуми рус ба коргарони муҳоҷири хориҷӣ ба сӯйи мусбат тағйир кунад.

Устоди улуми сиёсии Донишгоҳи иқтисоди вобаста ба давлати Русия муътақид аст, танҳо роҳи поён додан ба танишҳо ва ихтилофот миёни коргарони муҳоҷири хориҷӣ ва мардуми бумии ин кишвар, барқарории эътимод ва эҳтироми мутақобил аст.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Георг Мирзоён бо ишора ба паёмадҳои амалиёти террористӣ дар метрои шаҳри Санкт-Петербурги Русия ва боздошту ихроҷи густурдаи шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт, бояд дидгоҳи мардуми ин кишвар ба коргарони муҳоҷири хориҷӣ ба сӯйи мусбат тағйир кунад.

 Аз дидгоҳи вай, ин ҳодиса муҷиби ташдиди мавҷе аз мухолифатҳо бо ҳузури коргарони муҳоҷири хориҷӣ ва ба вижа шаҳрвандони 3 кишвари Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Русия шудааст, ки авоқиби ногуворие барои ду тараф дорад.

 Ба ақидаи Мирзоён, коргарони муҳоҷири тоҷик, ӯзбак ва қирғиз дар кишвари худ ҷойи кор надоранд ва дар Русия умдатан дар бахши сохтмон фаъолият мекунанд. Ин афрод бо ҳуқуқи ба маротиб камтар аз шаҳрвандони бумии русӣ дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Русия саҳми арзишманде доранд ва моҳона бахше аз даромади молии худро барои хонаводаҳояшон мефиристанд. Дар ҳоле ки аксари ин афрод ҳеҷ иртиботе бо гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ надоранд ва иддаи ночизе таҳти таъсири авомили мухталиф ба доми фиреби мубаллиғони ин созмонҳо гирифтор мешаванд.

 Аз дидгоҳи ин коршинос, танҳо роҳи поён додан ба беэътимодии феълӣ миёни шаҳрвандони бумии Русия ва коргарони муҳоҷири хориҷӣ, барқарории эҳтироми мутақобил мебошад. Аз ин рӯ шаҳрвандони Русия муваззафанд, ки ба коргарони муҳоҷири тоҷик, ӯзбак ва қирғиз бо эҳтиром бархурд кунанд ва муҳоҷирон низ ба қавонин ва муқаррароти Русия пойбанд бошанд ва фаромӯш накунанд, ки ин кишвар ба онон паноҳ дода ва заминаи кор ва иқоматшонро фароҳам сохтааст.