Ҷойгоҳи аввали артиши Узбакистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ
(last modified Sat, 29 Apr 2017 09:13:23 GMT )
Апрел 29, 2017 14:13 Asia/Dushanbe
  • Ҷойгоҳи аввали артиши Узбакистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ

Нерӯҳои мусаллаҳи Узбакистон дар охирин раддабандии артишҳои ҷаҳон дар рутбаи чиҳилуҳаштуми ҷаҳон ва рутбаи аввали кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор гирифт.

Бар асоси эъломи муассисаи “Глобал Фойрповер”, ки дар рутбабандии артишҳои ҷаҳон шӯҳрат дорад, дар охирин рутбабандии артишҳои ҷаҳон нерӯҳои мусаллаҳи Узбакистон аз миёни 127 кишвар дар ҷойгоҳи 48-уми ҷаҳон ва дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар рутбаи аввал қарор гирифт.

Дар ин раддабандӣ артиши Узбакистон дар миёни ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ низ баъд аз Русия ва Украина дар рутбаи савум қарор дорад. Дар ин рутбабанди Амрико, Русия ва Чин дар рутбаҳоии аввал то савум қарор доранд.