Ашқобод  - мизбони шашумини иҷлоси кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон
(last modified Sun, 30 Apr 2017 08:27:25 GMT )
Апрел 30, 2017 13:27 Asia/Dushanbe
  • Ашқобод  - мизбони шашумини иҷлоси кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон

Вазир умури хориҷии Туркманистон аз баргузории шашумин иҷлоси «Осиёи Марказӣ + Ҷопон” бо ҳузури вузарои кишварҳои Осиёи Марказӣ фардо, душанбе, аввали моҳи май дар Ашқобод хабар дод.

Рашид Мардов тасреҳ кард, иқдоми муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон дар заминаи таъмини амнияти минтақа, таомулоту ҳамкориҳои тиҷорию иқтисодӣ, тарҳҳои сармоягузорӣ, ҳамкориҳои фарҳангӣ ва инсонӣ аз муҳимтарин меҳварҳои ин иҷлос аст. Ба гуфтаи дипломати аршади Туркманистон, қарор аст, дар поёни ин иҷлос қарордоди ҳамкориҳои минтақаӣ дар заминаи ҳамлу нақл имзо шавад.

Гуфтугӯи қаблии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон бо меҳвари ҳамкориҳои минтақаӣ ба 10 соли пеш бармегардад, аммо воқеият он аст, ки баъди истиқлоли ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳод Шӯравӣ Токио дар пайи фурсате барои ҳузур ва нуфузи сиёсӣ, иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ ва ҳатто Қафқоз будааст. Зимни ин ки кишварҳои ду сӯйи Хазар низ бемайл набуданд, фурсати ҳамкорӣ бо Ҷопонро дар фазои ҳоким бар равобити байналмилалӣ дар фардои касби истиқлол аз даст бидиҳанд. Аммо он чӣ дар ин миён монеи истифодаи Токио ва кишварҳои минтақа аз фурсатҳои пешомада буд, вобастагии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба Русия, ихтилофи Маскав ва Токио таҳти таъсири таҳаввулоти пас аз Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ва фурсатталабии Чин дар эҳёи равобит бо ҷумҳуриҳои минтақа буд, ки дар шакл гирифтани Созмони Ҳамкории Шонгҳой намуд пайдо кард, амалан фурсате барои Ҷопон ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ барои ҳамкорӣ боқӣ нагузошт. Аммо рӯйкарди кишварҳои соҳиби захоири энержии нафту газ дар Осиёи Марказӣ барои костан аз вобастагиҳои суннатӣ ба Маскав барои судури энержӣ дар канори ниёзи Ҷопон барои танаввӯъ бахшидан ба бозорҳои таъмини энержии мавриди ниёз ду тарафро ба ҳамкорӣ бо якдигар, бавижа ҳамкориҳо дар бахши энержӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ тарғиб кард.

Таъмини энержӣ танҳо ҳадафи Токио аз эҳёи равобит бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ набуд. Вуҷуди бархе мулоҳизоти сиёсӣ ва геополотикӣ, бавижа зарурати тавозуни қудрат бо дигар қудратҳои минтақаӣ, монанди Чин, Русия ва Иттиҳоди Аврупо бахши дигаре аз аҳдофи Ҷопон барои ҳузури сиёсӣ ва иқтсодӣ дар Осиёи Марказӣ будааст; рӯйкарде, ки Ҷопон гом ба гом дар пайи пешбурди он аст ва баргузории нишастҳои давраии ин кишвар бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ низ дар ҳамин росто қобили арзёбӣ аст. Бавижа ба мувозоти шеби мулоим ва мусбати ҳамкории Токио бо давлатҳои минтақа Ҷопон бо ислоҳи сиёсати дифоӣ-амниятӣ ҳамкории низомӣ бо Амрико ва таъкид бар доштани як артиши қудратманд ва низ бархурдорӣ аз ҳаққи ҳузур дар ҷангҳои байналамилалӣ қасди ифои нақши бештар дар муҳити амнияти шарқи Осиё ва муқобила бо густариши қудрати Чин дошта ва дорад. Дар ин шароит тақвияти муносиботи Токио бо ҷумҳуриҳои Осёи Марказӣ аҳамияти стратегии кишварҳои минтақаро дар сиёсати хориҷии ҷадиди Ҷопон ба вузуҳ нишон медиҳад. Ин ҳамкорӣ, албатта, барои бозигарони Осиёи Марказӣ маънои дигаре медиҳад. Шояд раҳбарони кишварҳои минтақа дар пайи он ҳастанд, ки бо тақвияти муносиботи худ бо Ҷопон зимни ҳама манофеи иқтисодӣ ва сиёсие, ки барои давлатҳои худ таъриф кардаанд, дарёфти кумакҳои бештар аз Токио барои тақвияти тавони низомӣ бо ҳадафи контроли марзҳои ин кишварҳо бо Афғонистон ба унвони маркази ноамнӣ дар минтақа ва муқобила бо зуҳуроти он бошад; вазъияте, ки нозирон муътақиданд, метавонад дар радифи аҳдоф ва барномаҳои дарозмуддати Ҷопон барои ҳузури муассир дар Осиёи Марказӣ бошад.

Маҷмӯаи аҳдофи стратегии мутақобиле, ки то кунун дар пушти аҳдофи иқтисодии нишастҳои давраии Ҷопон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ пинҳон мондааст, зоҳиран қарор аст, бо мурури замон дар дастури кори ду тараф қарор бигирад.