Эъломи азои умумӣ дар Қирғизистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i16468-Эъломи_азои_умумӣ_дар_Қирғизистон
Дар паи кушта шудани чанд шаҳрванди Қирғизистон дар ҳодисаи рониши замин, имрӯз дар ин кишвар азои умумӣ эълом шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 30, 2017 13:31 Asia/Dushanbe
  • Эъломи азои умумӣ дар Қирғизистон

Дар паи кушта шудани чанд шаҳрванди Қирғизистон дар ҳодисаи рониши замин, имрӯз дар ин кишвар азои умумӣ эълом шуд.

Ба иттилои Euronews, борандагиҳои шадид ва сустии хок муҷиби рониши замин дар минтақаи кӯҳистонии Ӯш дар ҷануби Қирғизистон шуд .

Дар ин ҳодиса, шаш хона дар рустои Аюу дар минтақаи Ӯш зери гилу лой рафт ва дастикам 24 нафар кушта шуданд, ки 9 тан аз қурбониён кӯдак будаанд .

Дар паи ин ҳодиса, Алмазбек Атамбаев, раисҷмҳури Қирғизистон имрӯзро дар ин кишвар азои умумӣ эълом кард .

Гуфтанист, мақомоти маҳаллӣ дастури тахлияи ин минтақаро ду рӯзи пеш аз рониши замин дода буданд, аммо ин дастур иҷроӣ нашуд .