Ройтерз: Набарди қудрат дар Тошканд авҷ мегирад
(last modified Sun, 07 May 2017 07:48:21 GMT )
Май 07, 2017 12:48 Asia/Dushanbe
  • Ройтерз: Набарди қудрат дар Тошканд авҷ мегирад

Манобеи хабарӣ менависанд, дар Узбакистон рақобат бар сари тақсими қудрат миёни мақомҳои олирутба ба марҳала ҳассосе расидааст.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, ду манбаи наздик ба давлати Узбакистон хабар доданд, ки Шавкат Мирзиёев- раиси ин ҷумҳурӣ, дар талош барои ба даст гирифтани комили қудрат Рустам Азимов, муовини нахуствазирро аз саҳна дӯр кардааст.

Ба гуфтаи ин манобеъ, Шавкат Мирзиёев аз ҷумла умури ислоҳоти иқтисодӣ дар кишварро ба дасти худ гирифта ва ба Азимови 58 сола, ки то кунун масъулияти ин умурро дар даст дошт, иҷоза надод то тими худро созмондеҳӣ кунад.

Манбаи Ройтерз гуфтааст, Азимов акнун ба ҷои ташкили тими ислоҳоти иқтисоди Узбакистон, бояд машғули барномаи тавсеаи мурғдорӣ ва тавсеаи кошти ниҳоли лиму, дар манотиқи рустоии ин кишвар шавад.

Як манбаи дипломатӣ низ ба Ройтерз хабар додааст, раисиҷумҳури Узбакистон, Содиқ Сафоев, муовини раиси Маҷлиси сеноро масъули ислоҳоти иқтисодӣ ва ҷазби сармояҳои хориҷӣ кардааст.

Ройтерз меофзояд, бар асоси тавофуқе, ки сентябри 2016 баъд аз даргузашти Ислом Каримов дар арсаи сиёсии Тошканд ҳосил шуд, қудрат дар Узбакистон байни се нафар яъне Шавкат Мирзиёев нахуствазир, ки ба мақоми раисҷумҳурӣ расид, Рустам Азимов, муовини нахуствазир ва генерал Рустам Иноятов, раиси Созмони амнияти миллӣ тақсим шуда буд, аммо бо канор задани Рустам Азимов, дар мубориза барои тақсими қудрат дар раъси сиёсати Узбакистон дар муқобили Мирзиёев фақат генерал Иноятов боқӣ мемонад.

Ройтерз моҳи гузашта низ хабар дода буд, ки мубориза байни ин се меҳвари ҳоким бар Узбакистон шиддат гирифтааст ва дар ҳоле, ки Мирзиёев ва Азимов ба ислоҳоти иқтисодӣ, аз ҷумла боло рафтани арзиши пули миллӣ (сум) ва беҳбуди равобит бо кишварҳои ҳамсоя исрор меварзанд, генерал Иноятов мухолифи чунин ислоҳот ва ҳамчунин мухолифи аз саргирии парвози ҳавопаймоҳо байни Узбакистон ва Тоҷикистон аст.