Май 08, 2017 09:18 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии марокизи таҳияи асноди тақаллубӣ барои шаҳрвандони Осиёи Марказӣ дар Русия

Мақомоти амниятӣ ва интизомии Русия, аз шиносоии 11 маркази таҳияи асноди тақаллубӣ, барои шаҳрвандони Осиёи Марказӣ дар Маскав хабар доданд.

Ба гузориши сомонаи вазорати дохилии Русия, дар пайи амалиёти муштараки нерӯҳои ин вазоратхона ва Хадамоти амнияти федералии Русия дар Маскав, 19 нафар боздошт ва беш аз 500 адад муҳр ва шиносномаи тақаллубӣ кашф ва забт шудааст.

Бар асоси ин гузориш, дар ин марокиз асноди ҷаълӣ барои судури муҷаввизи иқомати шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия ва шиносномаҳои тақаллубӣ барои дарёфти тобеияти ин кишвар таҳия мешудааст.

Теъдоди зиёде аз атбои Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки ба иттиҳоми нақзи қавонини кор ва иқомат аз Русия ихроҷ шуда ва вуруди онон ба қаламрав ин кишвар бо мамнуъияти 3 то 5 сола рӯбарӯ шудааст, бо пардохти маблағ ба ин марокизи ҷаъли аснод, талош мекарданд, то бо тағйири ном ва номи хонаводагии худ, роҳе барои мондан дар Русия пайдо кунанд.

Дар мавориде низ мақомоти марзбонии Русия теъдоде аз шаҳрвандони ихроҷии кишварҳои Осиёи Марказиро бо асноди ҷаълӣ шиносоӣ кардаанд, ки пас аз ихроҷ шудан, дар дохили ин ҷумҳуриҳо ба дарёфти шиносномаҳои ҷадид бо номҳои дигар иқдом карда буданд ва танҳо аз тариқи ангуштнигорӣ ҳувияти воқеии онон ифшо шудааст.

Ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки пас аз шикасти гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия ва Ироқ, 5 ҳазор аз атбои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо асноди ҷаълӣ ба фирор ва бозгашт ба Русия ва ҷумҳуриҳои хеш иқдом намоянд.