Дидори раисони ҷумҳурии Ӯзбакистон ва Туркия дар Чин
Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон, ки барои ширкат дар нишасти “Як камарбанд- як ҷодда дар Пекин”, ба Чин сафар кардааст, дар ҳошияи ин иҷлос бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия дидору гуфтугӯ кард.
Мирзиёев ин дидорро фурсате муносиб барои табодули афкор дар бораи густариши беш аз пеши ҳамкориҳои ду кишвар донисту таъкид кард, Ӯзбакистону Туркия аз потенсиали хубе барои густариши беш аз пеши ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, бозаргонӣ ва гардишгарӣ бархурдор ҳастанд.
Дар ин дидор Эрдуғон низ бар омодагии Туркия барои густариши равобит бо Ӯзбакистон таъкид кард.
Гуфта мешавад, мақомоти ду кишвар дар дидори худ дар Пекин ба баррасии роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, бозаргонӣ, гардишгарӣ, саноеи нассоҷӣ, чарм, кимиё, дорусозӣ, санъати масолеҳи сохтмонӣ ва кишоварзии ду кишвар пардохтанд.
Ба иборати дигар, раҳбарони Туркияву Ӯзбакистон дар ҳошияи иҷлоси Пекин ба баррасии роҳҳои иҷрои барномаҳои ду кишвар барои густариши муносиботи Анкара –Тошканд, ки дар ҷараёни сафари ноябри соли гузаштаи Эрдуғон ба Ӯзбакистон бар он таъкид шуда буд, пардохтанд.
Эрдуғон дар сафари соли гузаштаи худ ба Тошканд бар талош барои эҳёи дубораи равобити Анкара -Тошканд пас аз таҷрибаи даврае аз сардии равобит таъкид карда буд.
Шароите ки ба ҷиҳати эътои паноҳандагии Туркия ба Муҳаммад Солеҳ, раҳбари мухолифони Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии собиқи Ӯзбакистон бар муносиботи ду кишвар соя андохта буд.
Акнун на фақат зимоми умур дар Ӯзбакистон дар дасти Мирзиёев, раиси ҷумҳурии ин кишвар аст, балки роҳбурд ва рӯйкардҳои Тошканд дар арсаи сиёсати хориҷӣ дастхуши тағйиру дигаргунӣ шудааст.
Дар чунин шароите раҳбарии Туркия дар пайи эҳёи равобит бо Ӯзбакистон аст. Шояд аввалин ҳадафе аст, ки Туркия аз беҳбуди равобит бо Ӯзбакистон дунбол мекунад, костан аз доманаи фаъолиятҳову нуфузи гурӯҳи Гюлен дар чаҳорчӯби ҷуғрофиёи сиёсии Ӯзбакистон бошад. Хостае ки аз фардои кудатои нофарҷоми соли гузашта дар садри хостаҳои Анкара аз раҳбарони кишварҳои мухталиф, ба вижа кишварҳои исломӣ қарор гирифт.
Зимни ин ки сафари соли гузаштаи Эрдуғон ба Ӯзбакистон дар ростои даври ҷадид аз дипломатияи Туркия барои тақвияти мавозеи ин кишвар дар Осиёи Марказӣ арзёбӣ шуд.
Ҳарчанд Тошканду Анкара нимнигоҳе ба бозсозии равобити худ барои расидан ба муносиботи стратегӣ доранд. Дар ин хусус ниёзи Ӯзбакистон ба ҳамкорӣ бо бозигарони мухталифи байналмилалӣ, аз ҷумла Туркия дар ҳавзаи иқтисодӣ-тиҷорӣ ва сармоягузориҳои молӣ, бо ҳадафи эҳёи иқтисоди кишварро набояд нодида гирифт.
Туркия низ пас аз рукуди таҳмилии ношӣ аз сиёсатҳои амниятии дохилӣ ва сиёсати хориҷии худ, дар ҷустуҷӯи бозорҳои ҷадид барои фурӯши маҳсулот ва маснуоти худ аст ва дар ин миён Ӯзбакистон метавонад то ҳудуде ин халаи иқтисодии Туркияро пур кунад.
Изҳори назари Аҳмад Бошор Шин, сафири Туркия дар Тошканд мабнӣ бар ин ки Анкара мусаммам ба густариши равобити ду кишвар ба болотарин сатҳ аз муносибот аст, таъйиде бар ҳамин фарзия аст. Роҳбурде, ки сабаб шудааст раҳбарони Тошканду Анкара аз кӯчактарин фурсатҳо барои пайгирии барномаҳои эҳёи равобит бо якдигар ва иҷрои тавофуқҳои байниҳамдигарӣ истифода кунанд. Ба дидори раисони ҷумҳурии Ӯзбакистон ва Туркия дар ҳошияи иҷлоси “Як камарбанд -як ҷодда дар Пекин” аз ҳамин зовия бояд нагирист.