Май 25, 2017 16:16 Asia/Dushanbe
  • Мубориза бо терроризм; Меҳвари нишасти вазирони дифои кишварҳои Ҷомеаи ҳамсуд

Нишасти Шӯрои вазирони дифои иттиҳоди кишварҳои Ҷомеаи ҳамсуд, фардо бо меҳвари баррасии ҷанбаҳои низомии мубориза бо терроризми байналмилалӣ дар Маскав баргузор мешавад.

Ба гузориши дафтари матбуотии Кумитаи иҷроии иттиҳоди кишварҳои Мустақили Ҳамсуд, вазирони дифои кишварҳои узви Ҷомеаи ҳамсуд дар ин ҳамоиш, тавсеаи ҳамкориҳо дар заминаи мутолиа, ҳифз ва иртиқои мероси таърихӣ ва фарҳангӣ дар заминаҳои низомӣ, густариши ҳамкории вазоратхонаҳои дифои ин иттиҳодия, дар заминаи омӯзиши муқобилаи низомӣ бо терроризми байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар заминаи ҳамлу нақли ҳавоии неруҳои мусаллаҳ ва вази амниятии минтақаро баррасӣ хоҳанд кард.

Ҳамчунин қарор аст, аъзои Шӯрои вазирони дифои кишварҳои Мустақили Ҳамсуд дар ин нишаст, дар мавриди иҷрои тарҳи тавсеаи сомонаи якпорчаи иттилооти ҷуғрофиёии низомӣ, фаъолиятҳои муштараки неруҳои мусаллаҳи ин кишварҳо дар сол 2018 ва иҷрои тамринҳои низомии муштарак, ройзанӣ ва табодули назар кунанд.

Шӯрои вазирони дифоъ дар кишварҳои Мустақили Ҳамсуд, дар соли 1992 ташкил шуд ва ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон узви ин шӯро ҳастанд.

 

Барчасп