Чаро Мирзиёев аз Тоҷикистон дидор намекунад
Раиси ҷумҳури Узбакистон тайи 3 моҳи ахир дубор барои дидору гуфтугӯ бо мақомоти Қазоқистон ва Туркманистон ба Остона ва Ашқобод рафт ва сафарҳое ба Русия, Чин ва Арабистони Саудӣ ҳам анҷом дод, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон ба унвони ду кишвари ҳамсояи наздик, дар ҷадвали сафарҳои вай ҷой надоштанд.
Ба гузориши сойти Спутник, Андрей Грозин-мудири умури кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар пажӯҳишгоҳи Ҷомеаи ҳамсуд дар Маскав гуфтааст, ки ҳадафи дидорҳои Шавкат Мирзиёев аз Қазоқистон ва Туркманистон, Русия ва Чин, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ буд, ки ду кишвари дигари минтақа Тоҷикистон ва Қирғизистон аз тавони камтаре дар ин замина бархӯрдор мебошанд.
Вай мӯътақид аст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонанд бо Узбакистон дар заминаи аз саргирии фаъолияти шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ кунанд. Аз сӯи дигар Қазоқистон, Туркманистон ва Русия барои Узбакистон ба унвони кишварҳои муҳимми транзитӣ ва таъминкунандаи сӯхти мавриди ниёзи давлати Тошканд матраҳ мебошанд, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон аз ин тавоноӣ бархӯрдор нестанд. Ҳамчунин иқтисоди Узбакистон, ки дар даврони раёсатҷумҳурии Ислом Каримов амалан дар инзиво қарор дошт, акнун ба думболи пайдо кардани шарикони тавонманд аст, ки битавонад заминаи рушди худро фароҳам созад. Давлати Тошканд талош мекунад, ки масирҳои ҷадиди транзитӣ ба манзури содироти пахтаи хеш аз тариқи Эрон, ба кишварҳои Халиҷи Форсро роҳандозӣ кунад.
Ин коршиноси рус мегӯяд, ки дар оянда раисиҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон ва Қирғизистон низ сафар хоҳад кард. Аммо наметавон чунин интизор дошт, ки бо як сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ва Бишкек, тамоми ихтилофоти 25 сола миёни ин кишварҳо ҳалу фасл хоҳад шуд.