Июн 01, 2017 08:56 Asia/Dushanbe
  • Ихтилофоти обиву марзӣ монеи густариши равобити Тоҷикистону Ӯзбакистон

Муовини раиси Донишгоҳи ҷомеаи ҳамсуд дар Русия муътақид аст, ки ихтилоф бар сари обу мавзӯи аломатгузории марзҳои муштараки Тоҷикистону Ӯзбакистон ду монеи умда дар роҳи густариши равобити Душанбеву Тошканд аст.

Ба гузориши “Спутник”, Владимир Евсеев бо ишора ба оғози музокироти ҳайатҳои сиёсии Тоҷикистону Ӯзбакистон дар Душанбе барои баррасии наҳваи поён додан ба ихтилофоти дуҷониба бар сари аломатгузории ҳазору 333 километр марзи муштараки ин ду кишвари ҳамсоя гуфтааст, ки дар ин замина бояд роҳкорҳои ҷадид ироа гардад.

Ба гуфтаи Евсеев, роҳкорҳое ки беш аз 20 сол барои ҳалли ихтилофоти ин ду кишвари ҳамсоя ироа шуда, бидуни натиҷа будааст, зеро Тошканд бо вуҷуди мухолифат накардан дар баробари оғози сохти садди 335 -метрии нерӯгоҳи обии “Роғун” дар Тоҷикистон, нигарон аст, ки раҳо кардани оби ин махзан барои тавлиди барқ дар фасли сармо, дар тобистон муҷиби коҳиши оби мавриди ниёзи бахши кишоварзии Ӯзбакистон шавад.

 Ин дар ҳоле аст ки мақомоти Тоҷикистон борҳо таъкид кардаанд, таъмини оби мавриди ниёзи Ӯзбакистон дар фасли тобистонро тазмин мекунанд.

 Ба гуфтаи Владимир Евсеев, артиши Ӯзбакистон низ бояд барои барчидани минҳое, ки дар марз бо Тоҷикистон коштаву дар муддати наздик ба ду даҳа даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистонро кушта ё захмӣ кардааст, роҳкоре ироа кунад.

Ин коршиноси рус таъкид кардааст, агар мақомоти Душанбеву Тошканд воқеан хостори бардоштани мавонеъ ва густариши равобити дуҷониба ҳастанд, бояд мавзӯи интиқоли дубораи гази Ӯзбакистон ба Тоҷикистон ва эътои тасҳилот ва содасозии мубодилот дар роҳи оҳан барои қаторҳои Тоҷикистонро ҳаллу фасл кунанд.

 

Барчасп