Июн 03, 2017 16:45 Asia/Dushanbe
  • Шаҳрвандони хориҷӣ иҷозаи роҳандозии шабакаи телевизионӣ дар Қирғизистонро надоранд

Аламосбек Отамбоев- раисиҷумҳури Қирғизистон қонуне дар бораи расонаҳо ба имзо расонд, ки тибқи он фаъолияти хориҷиҳо дар расонаҳои ин кишвар маҳдуд мешавад.

Ба гузориши Форс, тибқи ин қонун фақат шаҳрвандони Қирғизистон метавонанд дар ин кишвар шабакаи телевизионӣ таъсис кунанд ва дар сурате, ки ин расонаҳо бо афроди хориҷӣ ба сурати муштарак дар ҳоли фаъолият бошад, боисте беш аз 65 дарсад саҳоми соҳибони расона ба афроди ҳуқуқӣ тааллуқ дошта бошад, ки тобеияти қирғизӣ доранд.

Хориҷиҳо дар сармояи шабакаҳои телевизионӣ метавонанд, фақат 35 дарсад саҳҳом дошта бошанд.

Бар асоси ин қонун, афроде, ки дар хориҷ аз ин шароит дар ҳоли фаъолият ҳастанд бояд зарфи як сол моликияти худро мунтақил кунанд, дар ғайри ин сурат расонаи онон таътил хоҳад шуд.