Июн 06, 2017 14:24 Asia/Dushanbe
  • Барканории Рустам Азимов, муовини нахуствазири Узбакистон

Шавкат Мирзоев, раисҷумҳури Узбакистон дар ҳукме Рустам Азимов, муовини нахуствазири ин кишварро аз кор бар канор кард.

Ба иттилои пойгоҳи хабарии бурунмарзии садо ва симо, ихтилофоти Шавкат Мирзоев ва Рустам Азимов, ки реша дар замони раёсатҷумҳурии Ислом Каримов дошт, саранҷом сабаб шуд, ки Шавкат Мирзоев бо судури ҳукме муовини нахуствазири худро аз кор бар канор кунад .

Соли гузашта, Рустам Азимов ба далоили номушаххасе аз тарафи нерӯҳои амниятии ин кишвар боздошт шуда буд.

Рустам Азимов аз соли 2000 дар пости муовини нахуствазири Узбакистон ва вазири иқтисоди ин кишвар машғул ба кор будааст.

 

Барчасп