Вуруди сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба Остона
(last modified Thu, 08 Jun 2017 15:11:30 GMT )
Июн 08, 2017 20:11 Asia/Dushanbe
  • Вуруди сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба Остона

Мақомҳои баландпояи кишварҳои узв ва нозири Созмони ҳамкориҳои Шанхай барои ширкат дар 17-умин иҷлоси сарони ин созмон, ки имрӯз ва фардо (ҳаштум ва нӯҳуми июн) дар шаҳри Остона- пойтахти Қазоқистон баргузор мешавад, вориди ин шаҳр шуданд.

Муҳаммадҷаводи Зариф-вазири умури хориҷаи Эрон, бо ҳадафи ширкат ва суханронӣ дар 17-умин иҷлоси сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай, асри панҷшанбе вориди Қазоқистон шуд.

Зариф дар ин сафар бо шуморе аз масъулон ва мақомоти давлатии Қазоқистон низ дидор ва гуфтугӯ мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон- раисиҷумҳури Тоҷикистон низ имрӯз вориди Остонаи Қазоқистон шуд.

Раҳмонро дар ин сафар вазири умури хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёвари президент дар умури равобити байналмилалӣ Аъзамшоҳ Шарифӣ, вазири энержӣ ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймӯмин Ятимов ва дигарон, ҳамроҳӣ мекунанд.

Гуфта мешавад муҳиммтарин мавзӯъи ин нишаст, пазириши расмии Ҳинд ва Покистон ба унвони ду узви ҷадиди Созмони ҳамкориҳои Шанхай хоҳад буд.

Ба гуфтаи Рашид Олимов- дипломати тоҷик ва дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай бо узвияти Ҳинд ва Покистон, ин созмон ҳудуди 44 дарсади ҷамъияти кураи заминро дар бар хоҳад гирифт.

Раисиҷумҳури Чин ва нахуствазири Ҳинд низ имрӯз вориди Остона шуданд.

Созмони ҳамкориҳои Шанхай, созмони байналмилалии байнидавлатӣ аст, ки 15 июни соли 2001 дар Шангхайи Чин аз сӯи Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон таъсис шуд.

Дар таърихи 10 июли 2015 ин созмон бо узвияти доими Ҳинд ва Покистон мувофиқат кард.

Эрон, Муғулистон ва Афғонистон аъзои нозири Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҳастанд.