Июн 19, 2017 13:32 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари ҳизби мухилифи Қирғизистон номзади интихоботи раёсатҷумҳурӣ

Омурбек Текебаев- раҳбари ҳизби мухолифи "Ата Мекен"-и Қирғизистон, номзади интихоботи раёсат ҷумҳурӣ дар ин кишвар шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Омурбек Текебаев- раҳбари ҳизби мухолифи Қирғизистон ва раиси ҳизби "Ата Мекен", номзади интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар ин кишвар шуд.

Канотбек Азиз, вакили мудофеи Текебаев гуфт, Комиссияи марказии интихобот мадорики вайро барои сабти ном дар интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон қабул кардааст.

Ба гуфтаи вай, Текебаев тасмим гирифтааст ба таври мустақил ва на аз тарафи ҳизби "Ата Мекен" номзади интихобот шавад, то ба имконоти як ҳизб маҳдуд нашуда ва битавонад раъй бештаре касб кунад.

Азиз тасреҳ кард, тибқи муқаррароти сабт номи интихоботи раёсатҷумҳурӣ, Текебаев бояд аз рӯзи сабти ном то 50 рӯз баъд, як миллион сум ба арзиши 14 ҳазор долларро ба унвони замонат ва имзои 30 ҳазор шаҳрванди қирғизро ба Комиссияи интихоботи марказӣ ироа бидиҳад.

Текебаев ҳаминак ба иттиҳоми дарёфти ришва дар зиндони муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба‎сар мебарад.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон 15 октябр соли 2017 баргузор мешавад.