Авлавияти Тошканд афзоиши ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа аст
Муовини раиси парлумони Узбакистон бо ишора ба сиёсати хориҷии ҷадиди ин кишвар гуфт, авлавияти Тошканд афзоиши ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа мебошад.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Содиқ Сафоев, муовини раиси Маҷлиси санои Узбакистон дар як нишасти хабарӣ аз афзоиши ҳамкориҳои ин кишвар бо кишварҳои минтақа хабар дод.
Ба гуфтаи Сафоев, сиёсати хориҷии ҷадиди Узбакистон ва равишҳои тозаи ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя дар авлавияти аввали давлат қарор дорад ва дар ояндаи наздик ҳамкории Тошканд бо кишварҳои минтақа афзоиши чашмгире хоҳад дошт.
Вай афзуд, Тошканд афзоиши ҳамкорӣ дар ҳама заминаҳо, аз ҷумла иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ва иртибот байни маҷолис бо кишварҳои ҳамсояро дар барномаҳои худ қарор додааст.
Ин мақоми аршади парлумони Узбакистон дар идома бо баёни ин ки дар ҳоли ҳозир Тошканд гуфтугӯи фишурда бо кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистону Афғонистон дар барнома дорад, таъкид кард: “Музокира бо кишварҳои мазкур барои Тошканд аз аҳамияти хосе бархурдор аст ва дар ин замина мо тамоми талоши худро барои наздик шудани равобит сурат хоҳем дод”.
Сафоев афзуд, дар ҳоли ҳозир давлати Тошканд Исматуллоҳ Эргашевро ба унвони намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Узбакистон дар Афғонистон мансуб кардааст, ки ин нишон аз таваҷҷуҳи ин кишвар дар ростои сиёсати хориҷӣ бо кишварҳои ҳамсояи он маҳсуб мешавад.
Ба гуфтаи вай, интизор меравад, ки дар оянда низ гоми ҷиддӣ дар равобити Тошканд бо ин кишварҳо, аз ҷумла мулоқот дар сатҳи олӣ бо мақомоти ин кишварҳо сурат гирад.
Ин мақоми ӯзбак аз таърихи дақиқи сафари раиси ҷумҳурии Узбакистон ба кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон изҳори беиттилоӣ кард.
Вай дар поён афзуд, равобити Тошканд бо мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар сатҳи олӣ қарор дорад ва руасои кишварҳои мазкур дар нишасти ахир дар Остонаи Қазоқистон бо якдигар дидор карданд.