Путин нишони Александр Невскийро ба Бердимуҳаммадов ҳадя кард
(last modified Fri, 30 Jun 2017 11:08:07 GMT )
Июн 30, 2017 16:08 Asia/Dushanbe
  • Путин нишони Александр Невскийро ба Бердимуҳаммадов ҳадя кард

Раисҷумҳури Русия нишони давлатии Алксандр Невский ин кишварро ба хотири хидматҳои Қурбонгули Бердимуҳаммдов дар густариши равобит бо Маскав ба ӯ ҳадя кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия шаби гузашта дар гуфтугӯи телефонӣ бо Қурбонгули Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон зимни табрики шастумин солрӯзи таваллуди ҳамтоии туркаманӣ худ гуфт, ба хотири саҳм гузоштан дар тавсеаи равобит ва ҳамкорӣ бо Русия нишон давлатии Алксандр Невский ба Қурбонгули Бердимуҳаммадов ҳадя мешавад. Таҳкими амнияту субот дар Осиёи Марказӣ ва ҳавзаи баҳри Хазар ва низ сафари ояндаи раисҷумҳури Русия ба Ашқобод аз дигар меҳварҳои гуфтугӯи телефонии сарони Туркманистону Русия буд.

Нишони ифтихории Алксандр Невский ба кормандони давлатию сиёсатмадороне дода мешавад, ки 20 сол хидмати шоиста доштаанд.

Рӯзи гузашта дар Туркманистон 60-солагии раисҷумҳури ин кишвар ҷашн гирифта шуд ва меҳмонони олирутбаи хориҷие чун раисҷумҳури Тотористони Русия, раисҷумҳури Молдова, Абдуллоҳ Гул, раисҷумҳури собиқи Туркия, муовинони нахуствазири Украина, Қазоқистон, Узбакистон ва даҳҳо ҳайати олирутбаи хориҷии дигар дар сатҳҳои мухталиф дар мулоқотҳои ҷудогона ба сурати ҳузурӣ зодрӯзи ӯро табрик гуфтанд. Раисҷумҳури Тоҷикистон низ ба ҳамин муносибат бо Бердимуҳаммадов телефонӣ гуфтугӯ кард ва зодрӯзи ӯро табрик гуфт.